Даҳаи дуюми моҳи феврал соли равон даври муқаддамотии олимпиадаи бонуфузи “ISTEM” тариқи фосилавӣ аз фанни математика бо забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 48 нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагони болаёқат расман эълон гардид.
Дар натиҷаи ҷамъбасти даври муқадамотии озмун ба 28 нафар хонандагони ин боргоҳи таълимӣ муяссар гардид, ки ба даври финалии озмун, ки 19-24 июли соли равон дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон баргузор мегардад, роҳхат бигиранд.
Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 8000 нафар хонандагон аз 96 давлати дунё иштирок меварзанд.
Ба иттилоъи маъмурияти Литсей барои хонандагони болаёқат дар соли хониши 2021-2022 хонандагони литсей бори саввум аст, ки тариқи ҳузурӣ дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Бо хуруҷи бемориҳои сироятӣ аксари олимпиадаҳои байналмиллалӣ тариқи фосилавӣ баргузор мегардид, бо хуб шудани вазъияти пандемикӣ хонандагон имкон пайдо намуданд, бевосита дар олимпиадаҳо сафарбар карда шуда, кишвари Точикистонро шоиста муаррифӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки баъди беҳтар шудани вазъи пандемикӣ нахустин бор хонандагони Литсей тариқи ҳузурӣ дар олимпиадаи ҷаҳонии "Дониш"- и кишвари Туркия иштирок намуда, рекорди олимпиадаи мазкурро гузоштанд(ба даст овардани 100 хол аз 100 холи имконпазир) ва моҳи январи соли ҷорӣ дар олимпиадаи "Коперникус" дар шаҳри Техаси кишвари Амрико 6 нафар хонандагони Литсей ҳузурӣ иштирок намуда, ҷоми даставиаро аз фанни физика ба даст оварда, сохиби 6 медали нуқра ва биринҷиӣ гардида буданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд