Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти Исфисор бо ҷараёни таҷдиду навсозии варзишгоҳ аз наздик шинос гардид.
Чуноне маълумот дода шуд, варзишгоҳи мазкур дар қарни 20 сохта шуда, давоми чанд соли охир фаъолияти босамар надошт. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгоҳ навсозӣ шуда, барои машқу тамрини варзишгарон ва гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи баланд шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Тибқи лоиҳа варзишгоҳ дорои 6500 ҷойи нишаст аст ва ҳамзамон иншооти ёрирасон, аз қабили ҳуҷраҳои корӣ ва либосивазкунӣ сохта мешавад.