11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии “Микролаб”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази тиббии “Микролаб” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Акмалхон Камолов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкориву созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису табобат мебошад. Дар марказ табобати бемориҳои урологӣ — андрологӣ ва гинекологӣ гузаронида мешавад.
Маркази тиббӣ 5-ошёна буда, аз ошхона, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ултрасадо, қабули беморони амрози занона, уролог — андролог, таҳлилгоҳ ва қайди беморон, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ ва ёрирасон, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ ва баъдиҷарроҳии беморон ва қисми болоии бино аз ҳуҷраҳои маъмуриву маҷлисгоҳ иборат мебошад.



10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Равғангарони деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан бинои Муассисаи томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамшуда дар он шинос шуданд.
