11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” -ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази вилояти Суғд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии комуналии “Идораи сохтмони асосӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.
Кӯдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.