Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ оғоз ёфт.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиру тармими роҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар шаҳру ноҳияҳо ҳамасола садҳо километр роҳ таъмиру бозсозӣ карда мешавад.

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии кӯчаи марказии шаҳри Истаравшан оғоз шуд. Роҳи кӯчаи марказӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба масофаи 1,8 километр мумфарш хоҳад шуд. 

Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои ободонӣ 2,5 километр роҳи ҳудуди шаҳр, ки солҳо инҷониб ба таъмир ниёз дошт, аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад. 

Дар Хуҷанд мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо оғоз ёфт

Бо нисбатан гарм шудани ҳаво дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо оғоз ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ба корҳои роҳсозӣ оғоз бахшида, барои таъмиру мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят ва идораи хоҷагии манзиливу коммуналӣ супоришҳо дод. 

Ба иттилои мутахассисон дар минтақаҳои гуногуни шаҳр давоми чан рӯзи оянда беш аз 20 ҳазор метри мураббаъ роҳ мумфарш карда хоҳад шуд. 

Мумфаршкунӣ ва таъмири қисматҳои алоҳидаи роҳҳоро ҶДММ "Ваҳдат-2018" ба сомон мерасонад. 

Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бунёду азнавсозии беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз наздик 50 дарсади иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. 

Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, сокинон барои таҷлили шоистаи ҷашни миллӣ меҳнат мекунанд. 

Яке аз чунин иншооти ҷашнӣ бинои маъмурӣ, анбор ва нуқтаи шустушӯи нақлиёти ҶДММ «Контанк Интернешнл» аст, ки зимни сафар ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони он шинос гардид. 

Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи ҷамъияти мазкур дар шаҳри Исфара як қатор иншооти ҷашнӣ бунёд карда мешавад. Дар ин раванд дар майдони наздик 2 гектар сохтмони истгоҳи нақлиёти ширкати "Ориён" ҷараён дорад.