Оғози сохтмони бинои иловагии МТМУ №7-и шаҳри Хуҷанд

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои иловагии МТМУ №7-и шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими гузоштани санги асос барои синфхонаҳои иловагии МТМУ №7-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури аҳли таълимгоҳи номбурда изҳор дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва бунёди мактабҳои замонавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. 

Таъкид гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, минбаъд низ барои бунёди мактабу кӯдакистонҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд. 

Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо назардошти фарогирии 1280 нафар хонанда дар як баст то ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд. 

Ба сохтмони бинои иловагии МТМУ №14-и шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими гузоштани санги асос барои синфхонаҳои иловагии МТМУ №14-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури аҳли таълимгоҳи номбурда изҳор дошт, ки алъон дар ҳудуди вилоят бинобар афзоиш ёфтани аҳолӣ ҳамасола то 60 адад мактаби нав ва 60 адад кӯдакистон бунёд карда мешавад ва ин иқдомот то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт. Хушбахтона ин иқдоми давлату Ҳукуматро соҳибкорон, аҳолӣ ва шахсони алоҳида дастгирӣ намуда, дар бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми арзандаи гузошта истодаанд. 

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин ҳама тадбир дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, сол ба сол масъалаи мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар макотиби вилоят аз байн бурда мешавад.

Оғози сохтмони бинои кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба сохтмони бинои кӯдакистон санги асос гузошт.

Мувофиқи лоиҳа бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои фарогирии 120 нафар пешбинӣ шудааст. Иншоот дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад. 

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинони деҳаи Сангистон иброз дошт, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмони иншооти гуногун идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ҳазор иншоот сохта ба истифода дода хоҳад шуд.