9 апрел дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Мусаффо”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассиса ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд шудааст.
Муассисаи таълимии томактабии “Мусаффо” аз 2 ошёна иборат буда, барои 120 кӯдак пешбинӣ шудааст.