Ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

26 феврали соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, номояндагони сохторҳои маҳаллии кумита дар вилояти Суғд, ва гирандагони стипендияи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Гулистон, Бустон, Истиқлол, Ҷ.Расулов ва Ашт ширкат варзиданд.

Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода зимни суханронии хеш гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шодбош гуфта, аз дастгириҳои давлатии ҷавонон, хусусан дар мадди аввали сиёсати худ қарор додани сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид ва доир ба дастовардҳои ҷавонон ва саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа ибрози андеша намуд. Ҳамзамон ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишварро ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки  чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар рушду нумӯи кишвар бо дастовардҳои назаррас саҳмгузор бошанд.

Ҳамватанони азиз! Бо гирифтани ваксина худ ва наздиконамонро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорем!

COVID-19 бемории сироятиест, ки коронавируси охирини ба қарибӣ кашфгардида ба вуҷуд овардааст. То хуруҷи сироят дар шаҳри Уҳани Хитой дар моҳи декабри соли 2019 дар бораи вирус ва бемории нав чизе маълум набуд.

Тибқи иттилои сомонаи covid.tj ба аломатҳои бештар паҳншудаи COVID 19 баландшавии таб, хасташавӣ ва сулфаи хушк тааллуқ доранд. Дар як қатор беморон метавонанд дардҳои гуногун, маҳкамшавии димоғҳо, назла (обравӣ аз бинӣ), фарингит ё диарея қайд гарданд. Одатан ин аломатҳо тадриҷан инкишоф ёфта, суст ифода меёбанд. Дар баъзе шахсони сироятшуда ҳеҷ аломате пайдо намешавад ва онҳо худро бад ҳис намекунанд. Дар бештари ҳолатҳо (наздики 80%) беморҳо шифо меёбанд, дар зимн чорабиниҳои махсуси муолиҷавӣ талаб намешаванд. Тахминан дар яке аз шаш ҳолати COVID-19 аломатҳои вазнин бо инкишофёбии норасоии нафас мушоҳида мешаванд. Дар одамони солхўрда, ҳамчунин шахсони дорои бемориҳои соматикӣ, масалан гипертензияи шарёнӣ, маризиҳои дил ё диабет, эҳтимоли вазнин ҷараён гирифтани беморӣ баландтар аст. Дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардан мебояд.

Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид

Соли 2019 барои муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Барои харидории таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5,0 млн. сомонӣ, буҷетҳои маҳаллӣ 7,5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, аз ҳисоби кўмакҳои башардўстона 3,2 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаҳо 3,2 млн. сомонӣ равона гардидааст.