«Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» — таҳти чунин унвон меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент оғоз гардид, ки дар он 130 нафар ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд. Меҳмонии ҷавонон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.
Зимни боздид аз ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент ҷавонон бо маконҳои диданибоб ва ёдгориҳои таърихии ин минтақа шинос гардида, бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму оинҳои меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои банақшагирифта ҷойгир карда мешаванд.



Ансамбли фолклорию этнографии «Бибиҳо»-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таҳти роҳбарии Марям Исоева дар Фестивали байналмилалии «Бойсун баҳори» («Баҳори Бойсун»), ки дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон доир шуд, миёни 30 кишвари ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм гардид. Дар ин бора аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд хабар доданд.
23 майи соли равон дар вилояти Суғд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат!» таҷлил карда мешавад.
