Захираи маводи ғизоӣ барои тирамоҳу зимистон дар ноҳияи Зафаробод

Бахши кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захира намудани маводи хӯрока барои фасли зимистон ва дар асоси нақшаи – чорабинии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба консервакунони меваю сабзавотҳо барои зимистонгузаронӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Захираи маҳсулоти кишоварзиро барои гузаронидани давраи зимистон бонувони ноҳияи Зафаробод бо тарзу намудҳои гуногун анҷом медиҳанд. Маҳсулотҳо бо роҳи хушконидан ва ё дар шароити сардхона ба тавру тоза захира гардида, инчунин омода намудани афшураю шарбат ва хуришу мураббо ба миқдори зарурӣ барои фасли зимистон роҳандозӣ гардидааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод занон аз сабзавоти тару тозаи замини наздиҳавлигии худ истифода намуда, барои захираи зимистон консерваҳои гуногун омода намуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки ҳангоми консервакунӣ қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ қатъӣ риоя гардида, занону духтарони ҷавон аз рӯи тавсияи нафарони соҳибтаҷриба амал менамоянд. Корҳо дар ин самт идома доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд