Тақдими ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тиббии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Азназаргузаронӣ: 618

Ба муассисаҳои тиббии ноҳияи Ҷаббор Расулов ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.

Нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ», ки таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ магардад, дастрас гардид.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд. Ба иттилои манбаъ табибони муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ин иқдом ва дастгирии Ҳукумати мамлакат сарафроз гардида, тасмим гирифтанд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаҷониба тамоми донишу малака ва саъю кӯшиши хешро равона намоянд ва минбаъд ҳам бо касби хеш ба аҳолӣ содиқона хизмат кунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд