Ба муассисаҳои тиббии ноҳияи Мастчоҳ боз ду адад мошини ёрии таъҷилӣ дастрас шуд

Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мастчоҳ соҳиби боз ду адад мошини ёрии таъҷилии нав шуданд. Ин кумакҳо бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ», ки таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ магардад, дастраси муассисаҳои КАТС-и ноҳия шудаанд.

Гуфта мешавад, ки нақлиёти ёрии таъҷилӣ истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ буда, дар дохилаш дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили сабти барқии дил (ЭКГ), дефиблятор (дастгоҳи барқии таҳрикдиҳандаи кори дил), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо ду балони оксиген ва ғайра насб шуда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидааст.

Бояд гуфт, ки чанде пеш бо дастгириии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ як адад мошини ёрии таҳҷилии нав ва беш аз 60 номгӯи таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳо барои муоилаҷаи беморон дастрас гардида буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд