Ба истифода додани пули азими километри 267-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

7 июл пули азими воқеъ дар километри 267 - уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, ки дар ҳудуди ноҳияи Спитамен ҷойгир аст, баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Мули мазкур, ки 73 метр дарозӣ дорад, солҳои охир поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт корношоям гардида буд. Азнавсозии ин кӯпруки азим баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдор сурат гирифта, ба сохтмони мазкур 45 нафар мутахассисони ширкати “Чайна Роуд” ҷалб ва 15 техникаи пуриқтидор сафарбар шудаанд.

Азнавсозӣ ва ба истифода додани пули мазкур имкон фароҳам меорад, ки бехатарии роҳ таъмин гардида, ҳамакнун вазъи ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур беҳтар гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд