Панҷакент. Давоми як моҳ «Корвони саломатӣ» ба 2 ҳазор бемор хизмат расонд

Давоми як моҳ «Корвони саломатӣ» дар шаҳри Панҷакент фаолият дошт, ки аз ҷониби табибон зиёда аз 2 ҳазор бемор қабул гардида, ба беш аз 4 ҳазор муроҷиаткунанда машваратҳои тиббӣ дода шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар маърака тамоми намуди хизматрасонӣ ройгон буда, он то охири тобистони соли равон фаъолият хоҳад кард.

«Корвони саломатӣ»-и мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати Норвегиягӣ ва фонди хайриявии «Шоҳ Абдулло» ташкил шудааст.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо шароити «Корвони саломатӣ» шинос шуда, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  омодааст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маъракаи саломатии мазкур кӯмаки хешро расонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд