Фирдавс Муҳаммадҷонов, толибилми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалии «ISPT - Қазоқистон 2022», ки аз ҷониби Донишгоҳи ба номи Сулаймон Демирели Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор карда шуд, иштирок намуда, соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 16 ҳазор доллари амрикоӣ шуд ва имкон пайдо намуд, ки ройгон дар донишгоҳи мазкур таҳсил намояд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола донишгоҳи мазкур ба хотири дарёфти хонандагони болаёқат байни 30 кишвари олам олимпиадаи байналмилалӣ баргузор намуда, ба 12 нафар хонандагон аз тамоми олам Шоҳҷоиза - бурсияи таҳсили ройгон дода мешавад.
Имсол дар олимпиадаи ин донишгоҳ 90 нафар хонандагони синфи 11 аз Тоҷикистон иштирок намуданд ва танҳо ба Фирдавс Муҳаммадҷонов муяссар гардид, ки соҳиби Шоҳҷоиза (гранти 100 фоиза) гардад.
Фирдавс Муҳаммадҷонов - хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд яке аз аз омилҳои ба ин муваффақият расидани худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар литсей медонад. Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирокаш дар озмуни Донишгоҳи ба номи Сулаймон Демирел аз ду фан - забони англисӣ ва математика имтихони тестӣ супорида, дар озмун ғолиб гардид.
Фирдавс Муҳаммадҷонов ният дорад, ки дар риштаи технологияи иттилоотӣ таҳсилашро идома дода, мутахассиси хуб шавад.
Ёдовар бояд шуд, ки 32 нафар хатмкунандагони литсей соҳиби грантҳои омӯзишӣ дар кишварҳои Швейтсария, Англия, Сингапур, Италия, Олмон, Туркия ва Фаронса гардида, ҳамчунин 12 нафар дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ гардиданд. Лозим ба таъкид аст, ки ба даст овардани бурсияҳо имкон медиҳад, то хонандагон дар беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон ройгон таҳсил намуда, аз фановариҳои муосир баҳравар гарданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд