«Саломатии миллат-боигарии давлат»,- таҳти ин шиор дар Хуҷанд оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим аксияи шаҳрӣ доир шуд

Дар мавзеи таърихии майдони Регистони Бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии паҳншавии сироятёбии бемории ВНМО/БПНМ, бемории сил, солимии репродуктивӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, тарғиби тарзи ҳаёт солим байни аҳолӣ аксияи шаҳрӣ доир гардид.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ ва пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ ва Стратегияҳо қабул гардидааст. Чорабинии мазкур низ ҷиҳати татбиқи нақшаи амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки як бахши он ба «Занон ва тандурустӣ» бахшида шудааст, бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оила бо иштироки намояндагони муассисаҳои тиббии шаҳру вилоят сурат гирифт.

Дар аксия кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва шаҳр, Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии «Сарчашма» ва ғайраҳо фаъолона иштирок намуда, бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд