Соли ҷорӣ Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷандро 41 нафар хатм мекунанд ва аз ин теъдод 12 нафари онҳо бо дарёфти 2,5 миллион доллар гранти омӯзишӣ ба донишгоҳҳои беҳтарини ИМА дохил шуданд. Дар ин бора директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ Абдуллоева Меҳрангез, Алишерхон Қосимов, Зокиров Амирбек, Маҳмудов Шарифҷон, Нурсултон Бойҷонов, Маҳмудов Муҳаммад, Усмонов Муҳаммад, Авзалова Маҳлиёхон, Алишер Назаров, Бобочонова Камила, Рӯзиева Азиза ва Самандаров Самандар дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои ИМА ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 донишгоҳҳои бонуфузи Амрико гардиданд.
Ҳамзамон 18 нафар хатмкунандагони литсей ба донишгоҳҳои беҳтарини кишварҳои Олмон, Туркия, Австрия, Швейтсария, Булғористон ва Федератсияи Россия дохил шудаанд. 11 нафари дигар барои дохилшавӣ ба факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд. Яъне, аз 41 нафар хатмкунандагони литсей 30 нафари онҳо дар хориҷи кишвар 11 нафар дар мамлакат таҳсили худро идома медиҳанд.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ҳамеша бобати омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ таъкид намуда, дастурҳои судманд медиҳанд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмурияти Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар муассиса маҳфилҳои доимоамалкунандаи омӯзиши забонҳои англисӣ, чинӣ, русӣ, олмонӣ ва фаронсавиро тариқи ройгон ба роҳ мондааст ва ҳамарӯза хонандагон баъди дарси асосӣ бо омӯхтани ин забонҳо машғуланд. Ин амр имкон медиҳад хонандагон забонҳоро азхуд намуда, дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намоянд ва соҳиби грантҳои омӯзишӣ гарданд, — мегӯяд директори муассисаи таълимӣ Сурайёхон Неъматзода.
Ӯ ҳамчунин бар ин назар аст, ки таҳсили хонандагони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи сатҳи чаҳонӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон аз навовариҳои пешрафтаи дунё бохабар бошанд ва баъди хатми донишгоҳ барои рушди кишвар саҳм гузоранд.
Лозим ва ёдоварист, ки дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд омӯзгорони пуртаҷриба ва донишманду забондон фаъолият мебаранд, ки иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо ва ба даст овардани грантҳои омӯзишӣ самараи меҳнати онҳо аст. Омӯзгорони литсей бо меҳнати содиқонаву самимона баҳри таълиму тарбияи дурусти хонандагон заҳмати зиёд мекашанд, то ки хонандагон номбардори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд