Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят Суғд бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои милливу умумибашарӣ, Истиқлолият ва сарсабзиву шукуфоии Тоҷикистони азиз, ривоҷи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бахшида ба 25 -умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни расм ва мақолаи беҳтаринро дар мавзуи "Ваҳдат - кафили сулҳ" эълон менамояд.
Озмуни мазкур тибқи низомнома байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аъзоёни маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, омӯзгорон ва роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимӣ тариқи фосилавӣ гузаронида мешавад.
Беҳтарин мақола ва расмҳо то ҷамъбасти озмун дар саҳифаи фейсбукии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ҷой дода мешавад.
Ғолибон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд сарфароз гардонида хоҳанд шуд.
Хоҳишмандон метавонанд мақола ва расми худро ба почтаи электронии муассиса: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё тариқи вайбер ё вотсап ба шумораи 928181072, 929727688, 928881100 пешниҳод намоянд.
Дар мақола ва расм пешниҳоди маълумот, аз ҷумла, ному насаб, вазифа, муассиса, синф, шаҳр/ноҳия, шумораи телефон ҳатмист.
Мӯҳлати охирони пешниҳоди матлаб то 24.06.2022. Рӯихати ғолибон санаи 25.06.2022 дар саҳифаи расмии фейсбукии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд эълон гардида, ғолибон рӯзи 26.06.2022 даъват ва расман қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд