Дар Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар ҳама давру замон соҳаи иҷтимоиёт масоили мубрам маҳсуб ёфта, илм ва зарфиятҳои илмӣ, омили пешрафту таҳаввули инсоният маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳи он аст, ки инсоният барои расидан ба ҳадафтҳои муайяни худ, аз аҳди бостон то ба имрӯз дар ҷустутҷӯи илм ва маърифат аст. Бояд тазаккур дод, ки дарёфти илму маърифат роҳи осон намуда, заҳматҳои зиёдро тақозо дорад, ки мо онро бо машаққатҳо фатҳ менамоем.
Маҳз бо чунин мақсад дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус соҳаи илму маориф хамеша дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи насли наврасу ҷавон тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Бӯстон андешида шуда истодааст.
Таъкид гардид, ки бо ташаббусу дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ояндасози мамлакат дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва “Илм – фурӯғи маърифат” ҳамасола дар қаламрави кишвари маҳбубамон ташкил ва баргузор мегардад.
Сипас, ба 150 нафар ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» бо Диплом, Сипоснома ва маблағҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




