28 -уми майи соли ҷорӣ Олимпиадаи байналмилалии “IQ-FISO” тариқи фосилавӣ аз фанни «Мантиқ» баргузор гардида, аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагон расман эълон гардид.
Тавре аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, дар натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии озмун ба хонандагони мактабҳои вилоят муяссар гардид, ки 39 медали тилло, нуқра ва биринҷиро дар ин олимпиада ба даст оваранд.
Боиси зикр аст, ки дар озмуни мазкур 1271 нафар хонандагон аз 20 давлат иштирок намуданд. Дар ин Олимпиада 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят - Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 5 категорияи синну солӣ иштирок намуданд.
Хонандагони «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон 35 медал, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 3 медал ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 медал ба даст оварданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд