8 июни соли 2022 дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак ва гирандагони стипендияи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ширкат варзиданд.
Гирандагони стипендияи Президентӣ аз дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳавасмандгардонии донишҷӯёну хонандагони аълохон миннатдории самимонаи худро баён намуданд.
Дар охир дар фазои тантанавӣ ба барандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 шаҳодатнома ва стипендия супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд