Ҷиҳати мусоидат ба огаҳӣ ва вобастагии мутақобилаи хатарҳои тағйирёбии иқлим, масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рушд, масоили гендерӣ дар заминаи қабули қарорҳо оид ба ҳамгироии тадбирҳои мутобиқшавӣ дар толори конфронсии Маркази омӯзишии Бонки миллӣ, воқеъ дар шаҳри Гулистон вохӯрии иттилоотӣ баргузор гардид. Вохӯрӣ дар доираи лоиҳаи “Тағйири иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Миёна” амалӣ гашта, дар кори он масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони Барномаи рушди Созмони Миллаи Мутаҳид (БРСММ), роҳбарону сардорони ташкилотҳои мухталиф ширкат варзиданд.
Намояндаи МИҲД-и вилоят Маҳмадҷобир Раҷабзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва вазифаҳои он маълумот дод. Сипас намояндаи БРСММ Ҷамила Мирсаидова баромад намуда, Лоиҳаи “Тағйири иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Миёна” – ро муаррифӣ намуд.
Муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Абдумавлон Қодиров дар мавзӯъи “Татбиқи лоиҳа, стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Барномаи миёнамуддати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2021–2025”, масъули Сарраёсати кишоварзии вилоят Акрам Саидов оид ба “Таъсири тағйирёбии иқлим ба бахши кишоварзии минтақаҳои вилоят”, намояндаи Раёсати беҳдошти замин ва хоҷагии оби вилоят М.Мақсудов дар мавзӯи ”Шарҳи вазъияти кунунӣ ва ташаббусҳои марбут ба истифодаи оқилонаи об дар минтақаи ҳавзаи Сирдарё”, коршиноси соҳа А.Абдувалиев “Баррасии ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба масоили тағйирёбии иқлим”, роҳбари Маркази обуҳавосанҷии вилоят А.Ҳомидов оид ба “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ” ва маърӯзачиёни дигар дар мавзӯоти вобаста ба соҳа маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Сипас И. Мамадова – мушовири БРСММ дар хусуси баррасии мавҷудияти маълумот, дастрас набудани он ба ҳамагон, инчунин хатарҳои ноустувории иқлим ҳарф зада иброз дошт, ки давоми 10 рӯз натоиҷи назарсанҷии ҳамаи иштирокдорону коршиносон доир ба хатарҳо ва масъалаҳои устуворӣ дар раванди тағйирёбии иқлим ва муҳити зист ҷамъоварӣ гардида, бо таҳияи тавсияҳо оид ба ҳамгироии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба намояндагони лоиҳаи “Тағйири иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Миёна” барои дастгирӣ пешниҳод мегардад.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни чорабинӣ ва коршиносону масъулини соҳа суолу ҷавоб ҷараён гирифт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд