Мақсад: мустаҳакам кардани пойгоҳи моддӣ – техникӣ

Дар партави таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимии вилоят тақвият меёбанд. Ин амали нек аз ҷониби масъулини лоиҳаи “Мактабҳо 2030”-и Хазинаи Тоҷикистонии Оғохон низ дастгирӣ меёбад.

Дар мавриди ташкилу баргузории марҳилаи омӯзишии дар доираи лоиҳаи “Мактабҳо 2030”-и Барномаи рушди маорифи Хазинаи Тоҷикистонии Оғохон “Тарҳи инсонмеҳвар” дар вилояти Суғд ин ташкилоти хайриявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2- и шаҳри Хуҷанд маросими тақсимоти таҷҳизот ва маводи таълимӣ лавозимоти хониш ва воситаҳои айёнию техникии таълимиро баргузор намуд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи  маориф Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода, роҳбари бахши маориф дар Хазинаи Тоҷикистонии Оғохон Шералӣ Саидошуров ва директори иҷроияи ташкилоти Хазинаи Тоҷикистонии Оғохон  Кишвар Абдулалишоев ҳадафҳои ин тадбири неки хайриявирошарҳ дода, гуфтанд, ки он бо воситаи пурҷувват намудани пойгоҳи моддию техникӣ баланд барлоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас аст.  Ин чорабинии марҳилаи аввал буда, минбаъд низ он аз ҷониби Хазина идома хоҳад ёфт.

Роҳбари бахши маориф дар Хазинаи Тоҷикистонии Оғохон Шералӣ Саидошуров номгӯи воситаҳои техникию аёниро барои муассисаҳои таълимӣ муаррифӣ кард. Дар ҷараёни он як қатор барномаҳои интерактивӣ низ рӯнамоӣ карда шуданд.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 –и шаҳри Хуҷанд Рафоат Бегматова барои таваҷҷуҳ ва дастгирии Хазина изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда дод, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия беш аз пеш саъю талош меварзанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии лоиҳавии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров воситаҳои айёнии таълимӣ аз ҷониби намояндагони Хазина тақдим гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд