Бо ибтикори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ ва дастгирии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар толори китобхона даври вилоятии озмуни “Шукуфаҳои Истиқлол” доир гардид.
Дар озмун тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар даври аввали он дар минтақаи худ ғолиб омада буданд, иштирок намуданд.
Озмун аз рӯи панҷ шарт ҷараён гирифта, тибқи баҳогузории ҳакамон Шоҳҷоиза насиби Темирҷонова Сафия - тарбиятгирандаи кӯдакистони № 11-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид.
Муродова Фарзона- тарбиятгирандаи кӯдакистони № 2-и ноҳияи Зафаробод, Раҳматова Рамзия -тарбиятгирандаи кӯдакистони “Суғдиён”-и шаҳри Гулистон, Абдубасирзода Насиба- тарбиятгирандаи кӯдакистони № 1-и шаҳри Панҷакент, Тошматов Восид - тарбиятгирандаи кӯдакистони №2-и ноҳияи Ашт, Халилова Фариштамоҳ - тарбиятгирандаи кӯдакистони № 4-и шаҳри Бӯстон, Ҷӯраев Рустам-тарбиятгирандаи кӯдакистони № 5-и ноҳияи Спитамен ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд