Суғд: Даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор шуд

Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи баргузории Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» 28 майи соли равон дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд.

Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ аз рӯи шаш бахш -  беҳтарин либоси қадимаи чакан, беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси рӯзмарра, беҳтарин либоси маросимӣ ва идона, беҳтарин либоси расмӣ, беҳтарин навъҳои сӯзанидӯзӣ доир карда шуд, ки дар он 33 нафар тарроҳон, ҳунармандон ва 170 нафар занону духтарон дастранҷи худро намоиш доданд.

Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибон муайян гардиданд:

Дар бахши «Беҳтарин либоси қадимаи чакан»: 

Ҷойи якум ба Ахмедова Шаҳноза аз ноҳияи Б.Ғафуров;

Ҷойи дуюм ба Абдуллоева Малоҳат аз ноҳияи Ашт;     

Ҷойи сеюм ба Сатторова Ойиша аз ноҳияи Б.Ғафуров.

Дар бахши «Беҳтарин либоси кӯдакона»:

Ҷойи якум ба Абдураҳмонова Мавзуна аз шаҳри Панҷакент;

Ҷойи дуюм ба Турсунова Мавлуда аз ноҳияи Спитамен;

Ҷойи сеюм ба Сайидалиева Барно аз шаҳри Бӯстон. 

Дар бахши «Беҳтарин либоси рӯзмарра»:

Ҷойи якум ба Ахмедова Азиза аз шаҳри Хуҷанд;

Ҷойи дуюм ба Абдуллоева Насиба аз шаҳри Гулистон; 

Ҷойи сеюм ба Бойматова Манижа аз ДПДТТ.

Дар бахши «Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона»:

Ҷойи якум ба Абдураҳмонова Мавзуна аз шаҳри Панҷакент;

Ҷойи дуюм ба Раҳимбоева Нозима аз ноҳияи Ҷ.Расулов; 

Ҷойи сеюм ба Шафиева Зебунисо аз ноҳияи Мастчоҳ.

Дар бахши «Беҳтарин либоси расмӣ»:

Ҷойи якум ба Ниёзова Матлуба аз шаҳри Хуҷанд;

Ҷойи дуюм ба Қобилова Садоқат аз ноҳияи Деваштич; 

Ҷойи сеюм ба Ҷӯраева Хайринисо аз ДДХ.

Дар бахши «Беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ»:

Ҷойи якум ба Шарофиддинова Мукаррам аз ноҳияи Шаҳристон;

Ҷойи дуюм ба Турсунова Таҳмина аз шаҳри Конибодом; 

Ҷойи сеюм ба Усмонова Насиба аз шаҳри Исфара.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ба 18 нафар ғолибони Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан»  дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд