Пирӯзии хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар сессияи баҳории Академияи хурди илмҳо

Хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон соҳиби ҷойи аввал шуданд.

29-уми майи соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе 43-юмин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳӣ​ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ​ ва робита бо ҷомеа​ Масрур Абдуллозода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ,  муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон​ Ҷамшед Ҷӯразода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо​ Неъматзода​ иштирок​ ва суханронӣ карданд.

Пас аз маросими ифтитоҳӣ бахшҳо ба кори худ шуруъ намуд.​ Сессияи мазкур аз​ 11 бахш иборат буда, дар он​ зиёда аз 700 нафар хонанда аз саросари мамлакат лоиҳаҳои илмии худро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, аз вилояти Суғд 280 нафар хонандагон корҳои таҳқиқотии худро муаррифӣ намуданд.

Дар асоси хулосаи ҳайяти ҳакамон ба хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд муяссар гардид , ки 33 нафар узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳо, 47 нафар узви вобастаи Академияи хурди илмҳо, 64 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи 1, 59 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи 2, 67 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи 3 -ум ва 10 нафар соҳиби Ифтихорнома гарданд.

Дар натиҷа аз рӯи ҷойҳои ба дастоварда хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд бо ба даст овардани 280 ҷойи ифтихорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро ишғол намуда, ғолиби мутлақи озмуни мазкур гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд