Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ оғоз гардид.
Роҳи мазкур, ки дар шафати он асосан муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаи шаҳр ҷойгир мебошад, солҳои зиёд ба таъмир ниёз дошта, соли 2021 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ чароғон гардонида шуд ва имсол аз ҳисоби буҷети маҳҳаллӣ мумфарш гардида истодааст.
Роҳ дусамта буда, паҳноии ҳар як самт 8 метрро ташкил медиҳад ва тақрибан 1 км роҳи ҳарду ҷониб мумфарш карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд