Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмӣ – адабӣ бахшида ба 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматулло Мирзо баргузор гардид. Дар он роҳбарияти донишгоҳ, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, нависандагону адибони вилоят, устодон, донишҷӯён ва мухлисони осори арзишманди нависанда сарҷамъ омаданд.
Маҳфилро мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, профессор Замира Ӯлмасова ҳусни ифтитоҳ бахшида аз мақому манзалати Кароматуллоҳи Мирзо дар адабиёти муосири тоҷик суханронӣ намуд. Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб дар хусуси осори арзишманди нависанда ҳарф зада, саҳми ӯро дар рушду инкишофи адабиёти навини тоҷик басо назаррас арзёбӣ намуд. Тибқи барномаи маҳфил мусоҳибаи озоди нависанда бо дотсент Баҳром Мирсаидов баргузор гардид, ки ҳозирин аз суҳбати онҳо ҷаҳони маънӣ бардошт намуданд.
Дар бахши адабиву фарҳангии маҳфил суруду оҳангҳои дилнавоз, рақсҳои зебо, саҳна аз асари нависанда аз ҷониби донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва санъати донишгоҳ намоиш дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд