Дар Ҷамоати деҳоти Палдорак толори варзишӣ ба истифода дода шуд

24 майи соли равон дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ дар доираи ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Толори варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бахтовар Хушвақтов бо харҷи беш аз 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он дар як вақт барои тамрини 30 нафар ҷудокорон шароиту имникониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия тайи се соли охир зиёда аз 12 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар бошад дар ноҳияи Мастчоҳ 7 варзишгоҳ, 41 толор ва 28 майдончаи варзишӣ бунёд гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд