23 майи соли 2022 дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Тантанаҳои идона бо роҳпаймоии ҷавонони фаъоли вилоят оғоз ёфта, иштирокдорони раҳпаймоӣ аз назди Маҷмаии таърихию фарҳангии «Истиқлол» то макони баргузории ҳамоиши идона — назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳаракат намуданд. Ҷавонон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани маҳбуб дар даст шиору Парчам ҷонибдориашонро аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, бо руҳияи баланд Рӯзи ҷавононро ҷашн гирифтанд.
Ёдовар бояд шуд, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд аз шароиту имконоти мавҷуда истифода бурда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд. Зеро ба ҷавонон чун ба нерўи боэътимоди кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд