Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳр 14 нафар аъзои Шӯро, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ибтидоӣ ва олии касбии шаҳр, гирандагони стипендияи президентӣ, стипендияи раиси вилоят, стипендияи раиси шаҳр ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок варзиданд.
Дар кори ҷаласа ду масъала, аз ҷумла ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 баён гардида буданд ва тасдиқи нақшаи кори Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Бӯстон барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа и.в. раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки «сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон ҳамчун неруи созандаву матинирода ва ташаббускору созанда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Бо дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат якчанд имтиёзҳо баҳри рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон рӯи кор омада, ташаббусҳои созандаи онҳо дастгирӣ ёфта, ҷиҳати илмомӯзӣ ва соҳибкасб гардидани онҳо тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд».
Вобаста ба амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон гузориши мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода шунида шуда, дар охир як гурӯҳ ҷавонони фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон қадрдонӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд