Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Чорабиниҳои идона ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо раҳпаймоии ҷавонони ноҳия оғоз ёфта, дар назди Қасри фарҳанг барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ кулли ҷавонони ноҳияро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, барояшон сарбаландиву комёбӣ, бурдбориву саодатмандӣ ва мувафаққиятҳои пайваста дар кору пайкорашон таманно намуд.

Қайд гардид, ки Ҳукумати кишвар ба нерӯи тавонои ҷавонон эътимод дорад, пешниҳоду ибтикороти онҳоро дастгирӣ менамояд ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.

Дар баробари ин, ба Модар - Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр будан қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру матин мебошад.

Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат аз ҷумла ноҳия ҳиссаи муносиб мегузоранд, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат карда, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонон минбаъд низ бо нерӯи созанда ва ақлу заковати хеш ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар гиромидошти арзишҳои миллӣ, ҳифзу афзун гардонидани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҷаҳду талош намуда, баҳри рушди босуботи кишвар талош мекунанд.

Сипас, ба як қатор ҷавонони фаъол барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ сипосномаҳои раиси ноҳия тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд