Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода сокинонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон муборакбод намуда, афзуд, ки бо дастгирию ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон шароиту имкнониятҳои беҳтарин фароҳам оварда шудааст.
-Мо бо ҷавонони фаъол ва бонангу номуси худ ифтихор мекунем. Ҳоло дар партави сиёсатҳои дурбинонаи Пешвои миллат ҷавонони саодатманди ноҳия дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ фаъолона саҳми шоистаи худро гузошта истодаанд. Нақши ҷавонони ноҳия, махсусан дар дар пешрафти соҳаҳои маорифу фарҳанг, варзиш, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, сохтмон, хизмати давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ ниҳоят назаррас мебошад,- иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода.
Сипас сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, таъкид дошт, ки «бо шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар пазируфта шуда, баҳри дастгириву пуштибонии насли ояндасоз ва қишри меҳварии ҷомеа таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Қабули қонуну қарорҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонони мамлакат, таъсиси стипендия ва квотаҳои Президентӣ, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва дигар тадбирҳо шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад».
Дар охир барномаи рангини консертӣ бо иштироки овозхонҳои шинохтаи кишвар Нигина Амонқулова ва Мадина Ҳақназарова ба чорабинӣ шаҳомати хоса бахшид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд