20 майи соли ҷорӣ дар амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ"-и шаҳри Истаравшан бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 6000 нафар ҷавонони фаъол чорабинии мутантани идона баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар чорабинии бошукӯҳи идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷавонони хушбахти даврони Истиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда ва қишри асосии пешбарандаи ҷомеаи имрузаи мо ба ҳисоб рафта, пойдории давлат ва рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз фаъолияти меҳандустию ватанпарастии ҷавонон вобастагӣ дорад. Қобили қайд аст, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар беш аз пеш меафзояд.
Сипас, аз рӯи 20 номинатсия аз ҷумла, номинатсияҳои рӯзноманигори беҳтарин, хабарнигори беҳтарин, варзишгари беҳтарин, омӯзгори беҳтарин, хонандаи беҳтарин, донишҷӯи беҳтарин, беҳтарин корманди ҳифзи ҳуқуқ, сарояндаи беҳтарин, волонтёри беҳтарин, ҳунарманди беҳтарин, табиби беҳтарин, беҳтарин корманди мақомоти прокуратура, беҳтарин корманди мақомоти Судӣ, милитсия, андоз, беҳтарин корманди кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳр, беҳтарин соҳибкор ва беҳтарин хизматчии давлатӣ ҷавонони фаъоли шаҳр интихоб гардида, дар маросими ҷоизасупорӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан бо диплом, медал, Ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон ғолибони марҳилаи 2-юми мусобиқаи кушоди шаҳрӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 30 солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва инчунин ғолиби мусобиқаи футбол байни корхонаву идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Истаравшан дастаи футболбозони Беморхонаи марказии шаҳр бо Ҷоми раиси шаҳри Истаравшан ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ сарояндаҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ба чорабинии идона шукӯҳи тоза бахшиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд