19-уми май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, роҳбарияти донишкада, шоираи ширинкалом Гулноз Тоҳирӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, директори донишкада дотсент Ҳомид Ҳошимзода аз сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон ва нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуд.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода таъкид кард, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баҳри дастгириву пуштибонии насли ояндасоз ва қишри фаъоли ҷомеа таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Барои таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон шароитҳои зарурӣ фароҳам буда, ҷавонон фаъолона дар пешрафти ҷомеа саҳм гузошта истодаанд.
Шоира Гулноз Тоҳирӣ дар ҳамоиш шеърҳои нави худ дар васфи Ватану ҷавониро қироат намуд ва дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастаи ҳунарии «Садои ҷавонӣ» бо сурудҳои нав хотири аҳли нишастро болида намуд.
Ҳамзамон ба як қатор донишҷӯёни имконияташон маҳдуд кӯмакҳои моддии яквақтаина расонида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд