Дар даври вилоятии озмуни "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" 5 ҳазор нафар иштирок карданд

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" доир гардид.

Тавре аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, ба даври вилоятии озмун дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов роҳхат гирифта, бо ҳам рақобат менамоянд.

Даври вилоятии озмун дар асоси фармоиши якҷояи Раёсати маорифи вилоят ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор карда мешавад.

Озмуни мазкур давоми ду моҳ дар муассисаҳои таълимӣ, шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, 4 даста ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар умуми дар 4 даври озмун беш аз 5 ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд