Бахшида бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба қаиқронӣ доир гардид.
Мусобиқа байни варзишгарони то 18 сола ва аз 18-сола дар дарёи Сир гузаронида шуда, дар он зиёда аз 90 нафар варзишгарони наврасу ҷавон, аз ҷумла 12 нафар духтарон аз рўи масофаҳои гуногун байни ҳам рақобат намуданд. Мусобиқа тибқи қоидаи Федератсияи байналмиллалӣ оид ба қаиқронӣ баргузор гардида, мақсад аз баргузории он тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш ва тарғибу ташвиқи намуди заврақронӣ байни омма, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд оид ба қаиқронӣ ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд