20 май рӯзи таваллуди Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ аст ва ба ин муносибат дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони "Сайре дар шеъристони Лоиқ" маҳфили адабӣ баргузор шуд.
Дар маҳфили адабию фарҳангӣ дӯстдорони ашъори Лоиқ Шералӣ, дилбохтагони адабу фарҳанг ва аҳли қалам ширкат варзиданд ва садри маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, шоираи маҳбуби кишвар Фарзона буд. Нахуст шоира Фарзона перомуни таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ба адибон ва нақши онҳо дар тарғиби арзишҳои милливу дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ҳарф зад.
Дар идома Фарзона дар мавриди хотирот бо Лоиқ Шералӣ ва ашъори ноби ӯ ибрози андеша кард. Таъкид шуд, ки шеъри устод Лоиқ бо тозакории бешабоҳат бо растохезҳои пиндору андеша, бо суннатгароиву суннатшиканиҳои диловарона, бо ишқу ормону башорату иршодҳои шоиронаву ошиқона, бо ҷазаботи инсониву кайҳонӣ, бо пояҳову мояҳои милливу башарӣ – бо рӯҳи фотеҳи офоқгираш дили дӯстдорони сухани волоро шод кардааст. Илова гардид, ки устод Лоиқ ҳамон падидаи истисноист, ки бо рабоиши бузурги инсониву шоириаш дилҳои ҳамагонро дар инҳисори муҳаббат нигоҳ медорад.
Дар идомаи маҳфил сарояндагони маҳбуб Саидқодир Ёқубов ва Умарҷон Қобилов бо сурудҳои дилнишини хеш, ки матни онҳо аз ашъори Лоиқ Шералӣ мебошад, хотири иштирокчиёнро болида намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар интиҳои маҳфил сипосмандии раёсати донишгоҳро ба иштирокчиён, хосатан Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона расонида, қайд намуд, ки баргузории чунин маҳфилҳо ҷавононро ба худшиносиву маърифатпарварӣ, тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, инсондӯстӣ ва арҷгузорӣ ба ашъору осори бузургон раҳнамун месозад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд