Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мактаби варзишии №1-и шаҳри Истаравшан мусобиқаи баскетбол байни мардон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар доданд, мусобиқаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавигардонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳамзамон мустаҳкам намудани дӯстӣ байни ҷавонон ташкил карда шуд.
Мусобиқа оид ба баскетбол байни 7 даста сурат гирифта, иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо ва муассисаҳо ширкат варзиданд ва беҳтаринҳо муайян гардиданд.
Аз ҷумла, дар қисми финалӣ дастаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳри Истаравшан ғолиб омада, ҷойи дуюмро дастаи ноҳияи Спитамен ва ҷойи сеюмро дастаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №2 соҳиб гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд