15 май дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давраи бозомӯзӣ оғоз гардид.
Дар ҷараёни давраи бозомӯзӣ қироати маърӯзаҳои илмӣ ва оммавӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, баррасии бурду бохти фаъолияти кумитаҳои иҷроия дар самтҳои афзалиятнок, доир гардидани мизҳои мудаввар ва суҳбатҳои гуногуни мавзӯӣ пешбинӣ шудаанд.
Инчунин боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва баргузории силсиламулоқотҳо низ дар назар дошта шудааст.
Иштирокчиёни бозомӯзӣ аз ёдгориҳои таърихӣ, хона-музейҳои арбобони барҷастаи илму адаб, шаҳраки бостонии «Саразм», қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, хонаи маъюбону пиронсолон ва ташкилоти намунавии ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент мулоқот мекунанд.
Зимни сафар ба шаҳри Панҷакент иштирокчиёни давраи бозомӯзӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар маркази ноҳияи Айнӣ аз майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар шаҳри Панҷакент шунавандагони давраи бозомӯзӣ нахуст аз оромгоҳи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи «Панҷрӯд»-и Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ» дидан карданд. Зимни боздид масъулин иттилоъ доданд, ки бо тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оромгоҳи устод мувофиқи тарҳи меъмории биноҳои асри даҳи милодӣ ва тақозои истиқлолу давлатдории миллӣ мувофиқ гардонида шуд.
Ҳамчунин дар арафаи рӯзи мавлуди шоири тавонои тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ иштирокчиёни давраи бозомӯзӣ хона-музей ва пайкараи шоирро дар деҳаи Мазори шариф зиёрат намуда, аз шаҳраки қадимаи Саразм боздид карданд.
Давраи бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент то 20 май идома меёбад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд