Субҳи рӯзи 15 май дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шуд. Дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд беш аз 25000 нафар сокинони касбу кори гуногун дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ сарҷамъ гардида, дар Дави миллӣ иштирок намуданд.
Қабл аз оғози чорабинии варзишӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дар назди иштирокчиёни Дави миллӣ суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат нисбат ба рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Дави миллӣ аз соли 2007 инҷониб дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд наздик ба 3 ҳазор иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият дошта, бо дастгириҳои роҳбарияти вилоят дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ҳамасола даҳҳо иншооти нав, аз қабили майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои машқу тамрин бунёду ба истифода дода мешавад ва сокинон аз он истифода мекунанд.
Сипас, Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ оғоз ёфта, сокинону варзишгарон тавассути хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва пули «Ҷашнӣ» то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҳаракат намуданд.
Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қадршиносии фаъолони чорабиниҳои варзиши Дави миллӣ ва велосипедронӣ сурат гирифта, ба иштирокчиёни фаъол сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд