ЭЪЛОН: 15 май Дави миллӣ баргузор мегардад

Субҳи рӯзи 15 май дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят Дави миллӣ баргузор хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки рӯзи Дави миллӣ бо мақсади ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола дар қаламрави кишвар баргузор гардида, чун ҳарсола иштирокдорон аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ ва тавассути хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва пули «Ҷашнӣ» то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҳаракат мекунанд.

Ба иштирокчиёни фаъол сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.

Марҳамат, ба Дави миллӣ!