Ҷадвали рӯзҳои баргузории даври шаҳриву ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ гардид.
Дар асоси ҷадвал дар шаҳру ноҳияҳо ба тартиби зер даври шаҳриву ноҳиявии озмун сурат мегирад:
Ноҳияи Айнӣ — рӯзҳои 17-19 май дар қасри фарҳанги ноҳия;
Ноҳияи Ашт — рӯзҳои 17-19 май дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов;
Шаҳри Бӯстон — рӯзҳои 17-19 май дар қасри фарҳанги шаҳр;
Шаҳри Гулистон — рӯзҳои 17-19 май дар толори Маркази таҳсилоти иловагӣ;
Ноҳияи Деваштич — рӯзҳои 17-19 май дар қасри маданият;
Ноҳияи Зафаробод — 17-19 май дар қасри фарҳанги ноҳия;
Шаҳри Истаравшан — рӯзҳои 18-20 май дар толори раёсати маориф;
Шаҳри Истиқлол — рӯзҳои 18-20 дар қасри фарҳанги шаҳр;
Шаҳри Исфара — рӯзҳои 18-20 дар китобхонаи шаҳрӣ;
Шаҳри Конибодом — рӯзҳои 18-20 май дар қасри фарҳанги шаҳр;
Ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ — рӯзҳои 18-20 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;
Ноҳияи Мастчоҳ — рӯзҳои 18-20 май дар толори шуъбаи маориф;
Ноҳияи Ҷаббор Расулов — рӯзҳои 19-21 май дар қасри фарҳанги ноҳия;
Ноҳияи Спитамен — рӯзҳои 19-21 май дар китобхонаи ноҳиявӣ;
Шаҳри Хуҷанд — рӯзҳои 19-21 май дар маркази фарҳанг;
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — рӯзҳои 19-21 май дар Мактаб барои хонандагони болаёқат;
Шаҳри Панҷакент — рӯзҳои 19-21 май дар қасри фарҳанги шаҳр;
Ноҳияи Шаҳристон — рӯзҳои 19-21 май дар қасри фарҳанги ноҳия.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад. Ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ба даври вилоятӣ ва ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегиранд.
Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд ба ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беш аз 490 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд