Таҷлили Рӯзи Шашмақом дар Суғд

12 май бахшида ба Рӯзи Шашмақом дар Кохи фарҳанги Суғдиёни маркази вилояти Суғд чорабинии фарҳангии идона доир шуд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорони ҳамоиши идона расонид.

Таъкид гардид, ки "миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгир шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Фарҳанги миллии мо, аз ҷумла  санъати Шашмақом арзишмандтарин дурри гаронбаҳо буда, ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорҳо ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо сайқал дода, ғанитар гардондаанд. Шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик «Шашмақом» асрҳои аср аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омада расидааст.  «Шашмақом» силсилаи суруду оҳангҳои классикии тоҷик буда, ҳамчун мероси мусиқии мардуми тоҷик аз шаш мақом - «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат мебошад.

Мардум номи ҳунармандони шинохта, санъаткоронеро, ки бо ҳунару маҳорати волои навозандагию сарояндагӣ ва офаринишу эҷод, чун Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев ва даҳҳо дигарон ба дилу дидаи ҳазорон мухлисон ҷой гирифтаанд ва арзишҳои умумибашарии фарҳанги миллии санъати мусиқии классикии Шашмақомро дар арсаи олам маъмулу машҳур гардондаанд, гиромӣ медорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили минбаъдаи анъанаҳои фарҳангии мусиқии халқи тоҷик, дар заминаи арзишҳои аслии санъати мақомхонӣ равнақ додани ҳисси зебоипарастии халқ фармонро «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонданд. Маҳз тавассути ин санад ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола моҳи май Рӯзи Шашмақом  бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, минҷумла Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Бобоҷон Щафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Деваштич ва Мастчоҳ ансамблҳои шашмақомхонон фаъолият доранд ва барои рушду нумӯи ин шоҳкории беназири санъати тоҷик саҳм мегузоранд".

Сипас, барномаи консертии устодони санъат ва сурудҳои мондагор пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд