35 нафар донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баъди супоридани имтиҳонот ва ҳимояи рисолаи хатм ихтиёран барои адои хизмати ҳарбӣ рафтанд.
Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва устодони донишкада иштирок ва чунин иқдоми хатмкунандагонро шоистаи пайравӣ ба дигар ҷавонон номиданд.
Зикр шуд, ки ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани ҷавонон ин нишонаи дўст доштани Ватан, садоқат ба меҳан, ҳифзи якпорчагии мамлакат мебошад ва чунин ҷавонон бори дигар исбот менамоянд, ки ворисони арзандаи миллати куҳанбунёди хеш, пайравони қахрамонони миллати тоҷик Темурамалику Спитамен ва ҳазорҳо нафар ҷоннисорони ғаюру ватандӯст мебошанд.
Роҳбарияти донишкада бовар дорад, ки дастпарварони донишкада ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд