5 май муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба манзили зисти иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бӯриев Саид ташриф оварда, фарорасии 77-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро табрику таҳният гуфтанд.
Зимни аёдат ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бӯриев Саид кӯмакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 15 000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба маблағи 6000 сомонӣ ва кӯмакпулии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба маблағи 2000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Бӯриев Саид аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди мамлакат дуои нек намуд.
Дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз шаҳру деҳоти Панҷакент 5785 нафар сафарбар гардида, аз онҳо 1675 нафарашон баргаштаанд. Имрӯз аз байни баргаштагон Бӯриев Саид, сокини деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти Суҷина дар қайди ҳаёт буда, 101 сола мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд