Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад

Даҳаи дуюми моҳи май Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад.

Фестивал бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръат бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ ташкил гардида, иштирокчиёни беҳтарин бо диплом сарфароз гардонида мешаванд.

Фестивал аз рӯи бахшҳои намоиши либоси қадимаи чакан, намоиши либоси кўдакона, намоиши либоси рўзмарра, намоиши либоси маросимӣ ва идона, намоиши либоси расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ сурат гирифта, ба 18 нафар соҳибони ҷойҳои ифтихории бахшҳои зикршуда туҳфаҳои хотиравӣ низ супорида хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд