Дастгириву ҳифзи иҷтимоии собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди таваҷчӯҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва имрӯзҳо ба истиқболи 77-солагии Рӯзи Ғалаба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат доир шуда истодааст.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯзҳо 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буда, таҳти ғамхориҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Намояндагони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Хистеварз Аҳмадҷон Қосимов ва дар деҳоти Чашмасор Умурзоқов Эшбойро аёдат намуда, кумакпулиҳои яквақтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тақдим намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд