Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи ҳарбии варзишии «Ватанпарвар» баргузор шуд

Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад ва бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба Ватан, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ таҳти унвони «Ватанпарвар» мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид.

Мусобиқа аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, тирҷойкунӣ ба тирдон, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомати тамғаи «Калашников», дастхобонӣ ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ баргузор гардид.

Чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меоранд, ки наврасону ҷавонон ба солимӣ ва таҳкими неруи хеш аҳамияти бештар дода, дар ҳама ҳолат баҳри ҳифзи Ватану миллати хеш омода бошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд