“Таҳсилоти фосилавӣ: воқеият ва дурнамо” — таҳти ин унвон конференсия баргузор гардид

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳсилоти фосилавӣ: воқеият ва дурнамо” доир гардид.

Дар ҳамоиши илмӣ таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ гардидани системаи таҳсилоти фосилавиро дар шароити пешрафти иқтисодиву истеҳсолӣ амри зарурӣ шуморида, ба роҳбарони мактабҳои олӣ дастур дода буданд, ки ҳар чи тезтар ба ин усули таълимӣ гузаранд. Зеро ин намуди таҳсилот барои шахсоне, ки ҷои кории худро тарк карда наметавонанд, бо доштани мушкилиҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ имконияти таҳсили шакли рӯзона надоранд, шароит медиҳад, ки соҳиби маълумоти олии касбӣ гарданд. Алҳол дар таҳсилоти фосилавӣ 320 нафар донишҷӯ аз рӯи 8 ихтисос таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни таҳсилоти фосилавии ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон ба монанди ИМА, Олмон, Русия, Корея ҷанубӣ ва ғайраҳо фаъолият бурда истодаанд. Раванди таълим бо воситаи портали омӯзишӣ www.fosilavi.tj ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамоиш Назира Бобоҷонова, сардори маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Таҷрибаи ДПДТТ доир ба татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ”, сардори Раёсати идораи рақамии донишкадаи мазкур, доктори илмҳои фалсафа, (Phd аз рӯи ихтисос) Аслиддин Низомиддинов дар мавзӯи “Перспективные направления использования искуссвенного интеллекта в дистанционном обучении”, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ А. Умарҷонов дар мавзӯи “Совершенствование системы преподготовки горных инженеров с использованием дистанционных образовательних технологий”, мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи донишкадаи мазкур Ҳусейнҷон Қаландаров дар мавзӯи “Омодакунии кадрҳои соҳаи энергетика дар низоми таҳсилоти фосилавӣ”, мудири кафедраи иқтисодиёти рақамии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳина Усмонова дар мавзӯи “Шаклҳои ташкили машғулиятҳои таълимӣ дар таҳсилоти фосилавӣ: муаммо ва роҳҳои ҳал” маърӯза намуданд.

Нимаи дуюми рӯз кор дар бахшҳои технологияи таҳсилоти фосилавӣ ва истифодаи он дар замони муосир ва коркарди маводи таълимӣ ва мултимедиа бо назардошти хусусиятҳои таҳсилоти фосилавӣ идома ёфта, ҳозирин 36 мақолаҳои илмии устодони муасстисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро таҳлил ва баррасӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд